Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст.. Бешак Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст.. “Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст” Он чӣ Ӯ медиҳад, боздорандае нест ва он чиро боздорад, диҳандае нест, пас тамоми масолеҳу манофеъ аз Ӯ хоста мешавад ва Ӯст, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва бар ҳар кас нахоҳад намедиҳад ва тамоми онҳо бар асоси ҳикмат ва раҳмат ҳастанд. Бори Илоҳо!, раҳмататро бар мо гушо ва аз бахшишҳоят ба мо бидеҳ ва нороҳатиҳоро аз мо боз дор эй боздоранда ва бадӣ ва касофатиро аз мо манъ кун, эй манъкунанда!. Бешак Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст..

Аллоҳ қабзкунанда ва гӯшоянда аст..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

Аллоҳ қабзкунанда ва гӯшоянда аст.. Бешак Аллоҳ ҳамон Зоти қабзкунандава гӯшоянда аст. “Аллоҳ қабзкунанда аст”: рӯзии баъзеро кам мекунад ва ононро меозмояд ва аз бархе онро боз медорад, то ононро хор созад ва ба бархе нигаҳ медорад, то ононро баланд бардорад. “Аллоҳ гушоянда аст”: ризқро фаровон мекунад ва маъорифи қалбҳоро мегушояд ва ҳамаи инҳо мутобиқи ҳикмат, раҳмат ва ҷӯду карами Ӯст. Бешак Аллоҳ гиранда ва гӯшояндааст..

Бешак Аллоҳ Зоти арҷманди бузург ва боазамату соҳиби ҷалол ва бар

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

“Рафеъи баландмартаба ва соҳиби рифъат” Баландии мутлақ аз ҳар нигоҳ мар Ӯрост, дорои рифъати зот ва рифъати мақому сифот ва бартарии сайтара ва чирагист. {Ва Ӯ баландмартабаи бузург (қадр) аст} [Сураи Бақара, ояти 255]. Ӯ бар Арш қарор гирифтааст ва бо тамоми сифоти бузургӣ, кибирёӣ, ҷалолу ҷамол ва интиҳои камол васф мешавад ва азамати мунтаҳои ин умур дар назди Ӯст. “Рафъеи баландмартаба”: аз ҳар сифате, ки шоистаи Ӯ нест ва аз ҳар нақсу айбе муназзаҳ аст. Ӯ дар Зот, сифот ва чирагиаш бартар буда ва Ӯ Аллоҳ, ҳамон Зоти соҳиби рифъат аст. Бешак Аллоҳ Зоти рафеъи баландмартаба ва соҳиби рифъат аст..

Аллоҳ боазмат ва бузургу боҳайбат аст..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

Аллоҳ боазмат ва бузургу боҳайбат аст.. Бешак Аллоҳ боазамат ва бузургу боҳайбат аст.. Ӯ Аллоҳи мавсуф ба сифоти бузургӣ ва кибирёӣ ва азамату ҷалол аст, он Зоте, ки аз ҳама чиз бузургтару олитар ва бартар аст ва эҳтирому таъзим ва бузургии Ӯ дар қулуби дӯстону баргузидагони Ӯст, дилҳои онҳо аз эҳтиром ва иҷлолу фурутанӣ ва хушуъ, барои кибирёии Ӯ пӯр гаштааст. Чӣ қадар поку беолоиш ҳастӣ эй Чӣ қадар поку беолоиш ҳастӣ эй Парвардигори бузург!! чӣ қадар бузургу олӣ ҳастӣ!! {Пас номи Парвардигори бузургатро ба покӣ ёд кун}.[Сураи Воқеа, ояти 96]. Эй Парвардигори арҷманду боазамат! эй Зоти олимақом! мо тавони шумориши ситоишу азамати туро надорем. Ӯ бузург аст дар Зоти боломақом ва асмо ва сифоташ.

Аллоҳ сутуда аст..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

Аллоҳ сутуда аст.. Бешак Ӯ Аллоҳи сутуда аст Дар Зот, кирдору ахлоқ ва ақволаш сутудааст, дар ин ҳастӣ ҷуз он Зоти беолоиш, ҳеҷ сутудаи дигаре вуҷуд надорад, сипосу ситоиши комил аз они Парвардигори пок ва беолоиш аст. “Сутуда”: Ӯ дар Зот ва сифоту асмо ва афъолаш сутуда ва балки Ӯ дорои беҳтарин номҳо ва комилтарин ва накӯтарини сифот аст. Афъоли Ӯ дар байни адлу некӯӣ мегардад, пас ҳамду сипос фақат турост, эй Зоте, ки китобатро ба мо нозил кардаӣ ва азамату бузургиатро барои мо баён намудаӣ ва Паёмбарат- Муҳаммад- (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод)-ро ба сӯи мо фиристодаӣ. Бешак Ӯ Аллоҳи сутудааст..

Аллоҳ сипосгузори ҳақшинос аст..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

Парвардигори поку беолоиш аз амали бисёр кам ҳам қадрдонӣ мекунад ва иштибоҳоти фаровонро мебахшад ва кирдори афроди мухлисро бидуни ҳисоб чанд баробар мегардонад. “Аллоҳ сипосгузгор аст”: ҳар кас аз Ӯ сипосгузорӣ кунад, ба Ӯ медиҳад ва ҳар кас аз Ӯ бихоҳад, мебахшад ва ёд мекунад ҳар касеро, ки Ӯро ёд кунад, ҳақшиносро афзӯн медиҳад ва насиби кофир ва ҳақношинос зиёну зарар аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Агар сипос кунед, ба шумо афзун медиҳам ва агар куфр варзидед, (бидонед, ки) азоби ман сахт аст}. [Сураи Иброҳим, ояти 7]. Бешак Ӯ Аллоҳи сипосгузор ва ҳақшинос аст..

Аллоҳ шунавои биност..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

“Шунаво”: суханро бо вуҷуди ихтилофи забонҳо ва гуногунии лаҳҷаҳо, мешунавад. “Биност”: ҳаракати пои мурчаи сиёҳро дар шаби торик бар харсанги сахт мебинад ва он чӣ дар зери ҳафт замин ва он чӣ болои ҳафт осмон аст, мебинад. “Шунавои биност”: ҳеҷ чизе бар Ӯ махфӣ намемонад, ҳеҷ амри аҷибу ғариб ва истисно ва саргардону ғайри саргардон бар Ӯ пинҳон намемонад. Бешак Аллоҳ шунавои биност.. “Шунавои биност”: сухани туро мешунавад, пас насфатро муҳосаба кун ва дуоятро мешунавад, пас дар дуо исрор кун ва амали туро мебинад, пас ҳеҷ амре бар Ӯ пинҳон намемонад, пас некӣ кун, зеро Аллоҳ накӯкоронро дӯст медорад.

Аллоҳ ворис аст..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

“Ворис”: Ӯ баъд аз махлуқоташ боқӣ хоҳад монд, ба хотири камоли подшоҳияш ҳар подшоҳӣ ва салтанат ба мулки подшоҳии Ӯ бозмегардад. Аз зулму ситам ва саркашӣ ва такаббур ҳушдор дода ва бозгашти ҳама ба сӯи Аллоҳ аст, зеро Ӯ ворис аст. “Ворис”: бандагонашро дар роҳи худаш ба нафақа ташвиқ мекунад, пас молу сарват як амонат аст ва умр фонист ва бозгашт ба сӯи Парвардигори ворис аст. “Ворис”: бандагонашро аз ношукрӣ барҳазар медорад, пас асли неъмат аз они Ӯст ва саранҷоми он низ аз они Ӯст. “Ворис”: замин ва ҳар он чӣ бар он аст, мероси Ӯст ва ҳар он чӣ баъд аз бандагон барҷо мемонад, аз они Ӯст, Ӯ ҳамаро ба ирс мебарад. {Ва мо меросбари (онон) будем}. [Сураи Қасас, ояти 58]. Бешак Аллоҳ ворис аст..

Аллоҳ тавоно, соҳиби қудрату нерӯ аст..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

“Қодири мутлақ”: бо қудрати худ бармеангезад ва подош медиҳад ва дилҳоро ҳар тараф, ки хоҳад мегардонад. “Тавоно”: дорои қудрати комил, бо қудрату тавони Ӯ ҳеҷ гуна нотавонӣ ва нақсе ҳамроҳ нест. “Тавоно”.. Дорои қудрати комил аст, Ӯ бо қудрати худ мавҷудотро офарида ва бо қудрати хеш онҳоро тадбир карда ва ононро мустаҳкам ва мураттаб месозад ва бо қудрати худ зинда мекунад ва мемиронад ва накӯкорро ба сабаби эҳсонаш подош медиҳад ва бадкорро ба сабаби бадкориаш. Ӯ зотест, ки ҳар вақт ба вуҷуди чизе ирода намояд, мегӯяд: бош, пас мешавад ва бо тавону нерӯи худ дилҳоро ба он шакле, ки мехоҳад мегардонад. “Тавоно”: Зоте, ки махлуқоташро идора мекунад ҳар сон, ки бихоҳад ва ин аз интиҳои қудрат ва фарогирӣ сурат мегирад. “Бешак Аллоҳ қудратманди пуртавони нерӯманд аст..

Аллоҳ ошкор аст..

Islamkingdom_ar05 Dec, 2019Religion

“Ошкор”: бар махлуқоташ пӯшида нест, бино ба далоили ақлӣ ва шаръӣ ва ҳиссию маънавие, ки бар ҷӯду карам ва вуҷуду қудраташ ба онҳо баён доштааст. “Ошкор”: он Зоте, ки барои бандагонаш роҳи ҳақро бо фиристодани Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ва бо китоби возеҳу ошкор, равшан сохтааст: {Бешак аз (ҷониби) Аллоҳ барои шумо нӯр ва китоби равшан омадааст}. [Сураи Моида, ояти 15]. Аллоҳе, ки роҳи саодатро барои бандагонаш равшан сохта ва онро дар гарави итоат аз худ ва пазириши тавҳиди худ намудааст. Бешак Аллоҳ зоти равшан аст..

Recent Profiles

HydraulikNus

Hydrauliknus

View Profile

SleepFirst Mattresses

Sleepfirst Mattresses

View Profile

SexdollsFrance

Sexdollsfrance

View Profile

anaus kelvin

Anaus Kelvin

View Profile

Flynn Tarp Hire

Flynn Tarp Hire

View Profile

Commercial Pest Control Melbourne

Commercial Pest Control Melbourne

View Profile

vacationshome

Vacationshome

View Profile

K Single Corp Company

K Single Corp Company

View Profile

Mega Electic Power Of Sydney

Mega Electic Power Of Sydney

View Profile

Manaslu Circuit Trekking

Manaslu Circuit Trekking

View Profile